Аз нишастҳои матбуотӣ

Савдои хориҷӣ афзоиш ёфт

№95 (3889) 07.08.2018

Икт ва СавдоВазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Неъматулло Ҳикматуллозода сеюми августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар натиҷаи андешидани  тадбирҳои зарурӣ оид ба зиёд намудани ­истеҳсоли маҳсулоти­ саноатию кишоварзӣ, истифодаи фишангҳои бозори истеъмолӣ ва сиёсати пулию қарзӣ, инчунин беҳтаршавии муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя таваррум дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ коҳиш ёфта, ба 0,9 фоиз баробар гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,7 миллиард сомонӣ ва  афзоиши воқеии он 7,2 фоизро  ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1,2 банди фоизӣ зиёд аст.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,4 миллиард сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 16,9 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи саноати истихроҷ — 2,3 миллиард сомонӣ, саноати коркард — 5,9 миллиард, истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ ба 2,3  миллиард сомонӣ баробар гардид, — гуфт вазир.

Инчунин, вазъи таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти асосии озуқа ва ғайриозуқа дар шаш моҳи соли равон қаноатбахш арзёбӣ шуд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми  умумии гардиши савдои яклухти чакана 11,8  миллиард сомониро ташкил дод. Лозим ба ёдоварист, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз зиёд аст.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»