Аз нишастҳои матбуотӣ

Шамсиддин Орумбекзода: «Ҳунармандон 22 асари навро ба саҳна гузоштанд»

№92 (4042) 30.07.2019

DSC_0353+++Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 баҳри амалисозии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ бармеоянд, корҳои зиёдро анҷом дод. Дар ин бора 26 июл дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо хабарнигорон иттилоъ дод. Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли 2019 зиёда аз 7317 чорабинии гуногуни фарҳангӣ доир гардид.

Вазир аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ним сол театрҳои касбии кишвар 22 асари навро ба саҳна гузоштаанд.

Аз 2 то 9 апрели соли 2019 Фес­тивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» баҳри баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш баргузор гардид. Инчунин, ҷашнвораҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, Фестивали ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат», озмунҳои «Даргоҳи ҳунар ва маърифат», «Оинаи таърих» ва «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар сатҳи баланд доир шуданд.

Соли равон бинои нави китобхонаи марказӣ, осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии «Куруш» ва қасри фарҳанг бо 600 ҷои нишаст дар деҳоти «Куруш»-и ноҳияи Спитамен, ­қасри фарҳанг дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияти Бобоҷон Ғафуров ва бинои маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.

Дар нимсолаи якум бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Зафаробод ва Ховалинг таҷдид гардида, барқароркунии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Норак, Темурмалик ва Файзобод ба нақша гирифта шуд.

ВОРИС, «Садои мардум»