Аз нишастҳои матбуотӣ

Шариф Саид: «Эҳёи НКХХ (ВДНХ) зарур аст»

№4 (3641) 14.01.2017

ТПП (1)Айёми шӯравӣ дар ҳар як ҷумҳурии иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) фаъолият мекард, ки дар он дастовардҳои соҳаҳо ба намоиш гузошта мешуд. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС  ҶТ) дер боз дар фикри эҳёи чунин намоишгоҳ аст.

- Мо барои бунёди Намоишгоҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаем ва ба мувофиқа ҳам расидаем. Бо ворид гардидани Намоишгоҳ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва муайян гардидани қитъа барои бунёди он корҳо оғоз меёбанд. Сармоягузорон ҳам пайдо шудаанд ва бо бунёди Намоишгоҳ он ба макони бузурги муаррифии дастоварду захираҳои кишвар табдил ёфта, бад-ин васила барои пайдо кардани шарикони ҳамкор ва сармоягузорон имконоти васеътар пайдо мешавад,- иброз дошт  раиси ПСС ҶТ Шариф Саид рӯзи 11 январ дар нишасти матбуотӣ. — Барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт, ривоҷи тиҷорат ва пайванди соҳибкорони ватанию хориҷӣ аз имконоти мавҷуда истифода бурда истодаем. Соли 2016 аз ҷониби ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 200 кишвари дунё муроҷиатнома фиристода шуд. Дар давраи мавриди назар ҳамкориҳо бо намояндагиҳои СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ,  палатаҳои савдо ва саноати бисёр кишварҳои ҷаҳон тақвият ёфтанд.

Бевосита аз тарафи ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳо, палатаҳои савдо ва саноат, идораҳои марбутаи Россия, Лаҳистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Беларус ва Ӯзбекистон  14 созишнома ба имзо расид.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»