Аз нишастҳои матбуотӣ

Шароити таълиму тарбия рӯз аз рӯз беҳ мегардад

№15 (3652) 14.02.2017

3333Соли 2016 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 61 бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтари Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода.

Майдони умумии бинои собиқи донишкада, ки камтар аз 2 гектарро ташкил медод, акнун ба 17,4 гектар расидааст. Барои рафтуомади кормандону донишҷӯён масофаи беш аз 2 километр роҳро то шоҳроҳи Душанбе- Қӯрғонтеппа  мумфарш намуда, хатсайри махсус кушодаанд, ки микроавтобусҳо донишҷӯёну кормандони донишкадаро то маркази вилоят бурда мерасонанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 3 мошини хизматӣ барои донишкада ҷудо гардидааст.

 

Давлат Султонов