Аз нишастҳои матбуотӣ

Шавкат Бобозода: «Соли 2017 беш аз 17000 тонна нахи пахта коркард гардид»

№21 (3815) 17.02.2018

Технологияи нав- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба 20 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба як соли пеш 121,3 дарсадро ташкил медиҳад, — иттилоъ дод  дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 13 феврал зимни нишас­ти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 169 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 2880 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба 4304,6 миллион сомонӣ  (116,8 дарсад) баробар шуда, истеҳсоли семент  ба 3,1 миллион тонна, гаҷкартон 1,5 миллион дона, гаҷ 42 ҳазор тонна ва шифер 300 ҳазор дона расидааст. Инчунин, 1 миллиону 22 ҳазор тонна семент содирот шудааст, ки 657,9 ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 249,1 ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 115,5 ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд. Бино ба гуфти вазир, тиллои дар кишвар истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ кардааст.

Дар давраи зикршуда, ҳамчунин 1 миллиону 760 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 400 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар соҳаи саноати сабук низ дастовардҳо назаррас буда, соли 2017 бори аввал зиёда аз 17 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили кишвар  коркард шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»