Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи гавазни бухороӣ дар мамлакат афзуд

№17 (4279) 06.02.2021

DSC_1128Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дуюми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2020 ва баҳори  соли равон дар мамлакат  шинонидани 1 миллиону 28 ҳазору 799 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда ба  нақша гирифта шуда, тирамоҳи соли сипаришуда 122 684 бех ниҳол шинонида шуд.

Зикр шуд, ки бо мақсади беҳдош­ти муҳити зист ва таъмини амнияти  экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1121 маротиба  аксияҳои «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар онҳо 955440 сокини мамлакат иштирок намуда, зиёда аз 14091 метри кубӣ партови истеъмолӣ ва сахти маишӣ аз кӯчаю маҳаллаҳо   ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд.

- Бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати  экологии аҳолӣ дар самти ҳифзи захираҳои об 698 маротиба аксияҳои экологии «Тозагии соҳил» гузаронида, 1792 километр каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва дигар  манбаъҳои обӣ тоза ва аз соҳилҳо беш аз 2793 метри кубӣ партов  бароварда шуд,- гуфт Баҳодур Шерализода.

Соли гузашта дар парваришгоҳи Резервати биосферии «Ромит» саршумори гавазни бухороӣ аз 16 ба 23 сар расонида шуда, ҳудуди он аз 4,5 гектар то ба 10 гектар васеъ гардид. Шумораи гавазни бухороӣ дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» аз 400 сар гузашт. Ҳоло дар мамнӯъгоҳи «Даштиҷум»-и вилояти Хатлон дар масоҳати 4 гектар  парваришгоҳи бузи  пармашох дар ҳоли ташкилёбӣ аст.

Баҳодур Шерализода гуфт, ки «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва манфиати экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» хотима ёфта, нақшаи чорабиниҳои он 96 дарсад таъмин гардид. Барномаи нав барои солҳои 2021- 2025 таҳия гардида, дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»