Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи хизматчиёни давлатӣ ба 19382 нафар расид

№11 (3805) 27.01.2018

DSC_2835Дар ин бора директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов 23 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Соли 2017 дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара ва ҷаласаҳои машваратии назди директори Агентӣ 285 масъалаи марбут ба татбиқи сиёсати давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, тақвияти самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар ин муддат ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 3006 муроҷиати хаттӣ ва 135 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид шуд, ки муҳтавои асосии онҳоро масъалаҳои ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, гузаронидани ротатсияи ҳайати роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳад.

Аз натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки дар мақомоти давлатӣ ҳолатҳои риоя накардани қонуну қавоиди хизмати давлатӣ, баргузор нагардидани озмунҳо барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ кам нестанд. Аз ҷумла, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва Мурғоб озмунҳо бар хилофи талаботи Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 10 марти соли 2016 тасдиқ шудааст, бе иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардидаанд.

Дар Агентии обуҳавосанҷӣ, мақомоти нотариалӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ, Қабодиён ва Ёвон дар баъзе ҳолатҳо қабули хизматчиёни давлатӣ бе озмун сурат гирифтааст ва таҳсилоти тахассусӣ ба эътибор гирифта нашудааст. Аз ҷумла, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон тайи ду сол 29 нафар хизматчии давлатиро бе озмун ба мансабҳои хизмати давлатӣ таъин намудаанд, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ нес­танд. Ин ҳолат дар деҳоти «Кӯлоб», «Зиракӣ» ва «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб низ риоя нагардидааст. Дар ноҳияи Лахш, бинобар бе озмун ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъин намудани мутахассисон, раисони ҷамоатҳои деҳоти «Ҷиргатол», «Сурхоб» ва «Пилдон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Бо мақсади тақвият додани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ соли 2017 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатӣ 1726 нафар хизматчии давлатиро ба курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ҷалб намуд.

Дар нишаст хабарнигорон ба саволҳои бешумор посухи қаноатбахш гирифтанд.

А.МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»