Аз нишастҳои матбуотӣ

Содирот 25,3 дарсад афзуд

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_4130Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 19 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда новобаста ба омилҳои беруна ва таъсири пандемияи COVID-19 ба маблағи 1 миллиарду 406,9 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 232,5 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти маҳсулоти саноатӣ бошад, 1 миллиарду 330,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар қиёс ба соли гузашта 25,3 дарсад бештар аст.

- Соли 2020 аз ҷумҳурӣ 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 миллиону 13 ҳазор доллари ИМА содирот шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум мутаносибан 10,9 ҳазор тонна афзуд, — изҳор дошт номбурда.

Айни замон пешбурди Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби агентӣ ройгон ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон аз тариқи электронӣ амалӣ мегардад. Шавкат Бобозода афзуд, ки дар баробари тадбирҳои зикршуда роҳбарият ва кормандони агентӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва созмону лоиҳаҳои байналмилалии соҳавӣ ҷиҳати мукаммалгардонии низоми миллии дастгирӣ ва рушди содирот, аз ҷумла, дар самти ташкили платформаи рақамии низоми пайгирии сифати маҳсулот ва бартараф кардани монеаҳо чораҷӯйӣ намуда истодаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»