Аз нишасти матбуотӣ

Содирот тамоюли афзоиш касб кард

№90 - 91 (3571 - 3572) 19.07.2016

Манзура РустамоваМуовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон сол то сол густариш ёфта, дар панҷ моҳи сипаришуда ҳаҷми содироти мол ба дигар давлатҳо нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст. Номбурда изҳор дошт, ки  Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон сиёсати мукаммалгардонии робитаҳои тиҷоратиро бо давлатҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷӣ пеш гирифтааст. Муроҷиатномаи палата дар бораи ҳамкорӣ ба 200 кишвар равона гардида, дар сомонаи палатаҳои савдо ва  саноат, институтҳои савдо ва соҳибкории бисёр кишварҳои ҷаҳон нашр шуд. Ҳамин тариқ, дар нимаи аввали соли 2016 якчанд созишнома ва ёддошти тафоҳум  миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва  сохторҳои савдо ва тиҷоратии дигар давлатҳо ба имзо расид, ки ба рушди тиҷорат мусоидат кард. Дар кишвар якчанд бизнес-форумҳо бо иштироки доираи соҳибкории Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баргузор шуд, ки ба тавсеаи равобити мутақобилан судманди субъектҳои хоҷагидор, рушд ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Дар нишаст, инчунин доир ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маълумот дода шуд. Раиси арбитраж И.Бобоҷонзода гуфт, ки чун ҳалномаи судҳо дар дигар давлатҳо қувваи амал надоранд, фаъолияти арбитраж имкон медиҳад, ки дилхоҳ баҳсе, ки аз муносибатҳои ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектҳои онҳо ба миён меоянд, аз ҷониби он баррасӣ гардад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»