Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти 128 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар

№98 (4048) 15.08.2019

Screenshot_2018-08-03-09-49-57- Дар шаш моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8,6 миллион сомонӣ баробар шуд, — гуфт 31 – уми июл зимни нишас­ти матбуотӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Почохон Зарифзода.

Ӯ изҳор дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 37 миллиону 940 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 953, 7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия 2221 тонна ғалладонагӣ, 345 тонна сабзавот ва 845 тонна картошка истеҳсол намуда, ба хориҷи кишвар 128 тонна маҳсулот содир карданд.

Дар ин давра 1600 сайёҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия дидан карданд, ки 60 нафарашон аз хориҷи кишвар мебошанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша бунёд ва навсозии 185 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар 28 адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст, — зикр кард Почохон Зарифзода.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»