Аз нишастҳои матбуотӣ

Солҳои 2006-2018 3600 зан ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

№98 (4048) 15.08.2019

IdigulЯкуми августи соли равон оид ба фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ доир шуд. Раиси кумита Идигул Қосимзода зикр кард, ки дар ин давра доир ба раванди амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои дахлдори давлатӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.

- Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» ва тибқи қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар назди кумита Комиссия таъсис дода шуд ва аз 211 лоиҳаи пешниҳодкардаи соҳибкорзанон 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 миллион сомонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Қайд кардан зарур аст, ки аз соли 2006 то соли 2018 аз ҳисоби грантҳои президентӣ 16 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 2 ҳазору 578 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт ва зиёда аз 3500 зан ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, — гуфт Идигул Қосимзода.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби раис, муовинони раис, шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои кумита 610 шаҳрванд қабул карда шудааст. Ба марказҳои иттилоотӣ – машваратии кумита дар шаҳру ноҳияҳо 6919 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки 4867 нафарашро занон ва боқимондаро мардон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 689 нафар вобаста ба гирифтани машварати ҳуқуқӣ ва равонӣ оид ба пешгирии хушунат дар оила, 5210 вобаста ба бастани ақди никоҳ дар САҲШ, 758 оид ба бекор кардани ақди никоҳ, 342 оид ба надоштани ҷойи кор, 1063 нафар вобаста ба муқаррар намудани падарӣ ва 732 оила вобаста ба муҳоҷират муроҷиат намуданд.

Р. УМАР,

«Садои мардум»