Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2019 66 кг героин мусодира шуд

№24 (4130) 22.02.2020

DSC_5964- Соли 2019 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 131 ҷиноят ошкор шуд, ки 90 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба мақсади фурӯш рабт дорад. Аз ҷумла, 291 кг 423 гр. маводи нашъаовар  мусодира гардид, ки 66 кг 624 гр, маводи сахттаъсири героин мебошад, — изҳор дошт директори Агентӣ Салимзода Шерхон Одина дар нишасти матбуотӣ.

Бояд зикр кард, ки дар се соли охир  ягон ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашуда, дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар 2,5 маротиба кам шуд. Салимзода Шерхон Одина аз он нигаронӣ кард, ки дар 5 соли охир ошкор ва мусодираи моддаҳои синтетикии нашъадор тамоюли афзоишро касб намудааст.

Аз он қаноатмандӣ гардид, ки татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар натиҷаҳои мусбат ба бор оварданд.

Аз рӯи маълумоти мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия 5-6 маротиба коҳиш ёфтани воридот, содирот ва мусодираи маводи мухаддири афғонӣ дар муқоиса ба солҳои пеш ба мушоҳида мерасад.

Аксарияти маводи мухаддир, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мегарданд. Соли 2019 1 тоннаю 637 кг маводи мухаддир, аз ҷумла, 781 кг дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ошкор гардид.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»