Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21969 ҷиноят содир гардид

№24 (4130) 22.02.2020

DSC_5982- Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21969 ҷиноят содир шуд, ки 11309 — тои онро мақомоти корҳои дохилӣ ошкор намуданд. Аз ҷумла, 90 ҳодисаи куштор, 126 ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 46 — таҷовуз ба номус, 28 — роҳзанӣ, 140 — ғоратгарӣ,  1139 — авбошӣ, 2294 — қаллобӣ, 5328 — дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта  шуданд, — иброз дошт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ.

Маълум гардид, ки дар давоми соли гузашта кормандони ВКД 1211 ҷинояти дорои хусусияти  террористиро ба ҳисоб гирифтаанд. Ҳамчунин, 161 аъзои ташкилотҳои террористиро муайян ва дастгир карда, 218 шаҳрвандро, ки дар амалиётҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, ба Ватан бозпас овардаанд.

Сарфи назар аз кори зиёди фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, ноболиғон 873 ва ҷавонон 5035 ҷиноят содир намудаанд. Аз 7295 ҷинояткоре, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, 2258 нафар дастгир гардидаанд.

Соли сипаришуда дар ҳудуди кишвар 1212 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 391 нафар ба ҳалокат расида, 1314 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни  ҷисмонӣ бардоштаанд.

Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 299 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи  умумии ҷарима 964195 сомониро ташкил намуд. Дар ҳодисаҳои сӯхтор, ки назар ба як соли қаблӣ зиёдтар рух додаанд, 23 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»