Аз нишастҳои матбуотӣ

Суғд. Пешрафти ҳама соҳа таъмин гардид

№16 (3966) 09.02.2019

РаччаббойРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ба шарофати меҳнати дастаҷамъонаи сокинони вилоят пешрафту тараққиёт дар ҳама соҳаи хоҷагии халқ таъмин гардид. Аз ҷумла, чор сол боз нақшаи ҷамъоварии андоз пурраву барзиёд иҷро мешавад. Соли 2018 нақшаи қисми даромад ба андозаи 105,1 фоиз иҷро ва ба буҷет 1722,4 млн. сомонӣ ворид шуд.

- Корхонаҳои саноатӣ соли гузашта ба маб­лағи 11277,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2017, бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, 108,2 фоизро ташкил дод, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ таъмин гардид. Офарандагони неъматҳои моддӣ ба маблағи 8085,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба як соли пеш 5,2 фоиз зиёд мебошад. Қайд гардид, ки фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмону нақлиёт ва хизматрасонии пулакӣ низ хуб буд.

Зимни саволу ҷавоб журналистон  бештар ба содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, муносибат бо вилоятҳои ҳамсарҳади Ӯзбекис­тон, муҳтавои арзу шикояти мардум, мубориза бар зидди коррупсия, муаммоҳои гузариш ба пахши рақамии телевизионҳои маҳаллӣ, мубориза бар зидди экстремизми диниву ифротгаройӣ мароқ зоҳир карданд.

Дар анҷом ғолибони озмуни вилоятии  «Хомаи созанда-2018» бо диплом ва мукофотҳои пулии МИМҲД-и вилоят қадрдонӣ шуданд.

М. Мақсудов,

«Садои мардум»