Аз нишастҳои матбуотӣ

Субъектҳои хоҷагидор 7000 адад афзуд

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_1289+++- Дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 98,6 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 5 миллиарду 546,7 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 5 миллиарду 466,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 80 миллион сомонӣ кам, аммо нисбат ба маб­лағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида 416,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — иттилоъ дод муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода дуюми август зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, сабабҳои таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ, аз ҷониби якчанд корхона пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобишуда мебошад.

- Дар ин давра нисбат ба фаъолияти 880 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида, 240 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор карда шуд.

Дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ дар давраи зикршуда зиёда аз 12790 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда, шахсони дахлдор 82,7 миллион сомонӣ ҷарима шуданд, — изҳор дошт номбурда.

Маълум гардид, ки тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ 323 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба якуми январи ҳамин сол 7 ҳазор зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»