Аз нишастҳои матбуотӣ

Сулаймон Султонзода: «1370 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шуд»

№94 (4044) 03.08.2019

КООРУПСИЯ (1)Сиюми июл дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки зимни он директори агентӣ Сулаймон Султонзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввали соли равон маълумот дод.

Номбурда гуфт, ки дар ин давра мутахассисони самти назорати давлатии молиявии агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 594 тафтишу санҷиш гузаронида, дар маҷмӯъ, ба маблағи 252,1 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 161,7 миллион сомонӣ ё 64,1 дарсади маблағ барқарор карда шуд. Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1370 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор гардид, ки 375 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Дар нимсолаи аввал дар соҳаҳои маориф ва илм 85 ҷинояти коррупсионӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 83, нақлиёт — 12, кишоварзӣ — 24, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ -53, саноат ва технологияҳои нав — 7, молия — 3, сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ — 53, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон — 15, ШСХК «Барқи тоҷик» — 15, соҳаи бонкӣ — 139, субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ — 257, соҳибкорони инфиродӣ – 265 ва дигар вазорату идора ва корхонаҳо 187 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.

- Дар давраи ҳисоботӣ 67 ҳолати вайрон намудани муқаррароти моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор гардид. Ҳамчунин, 63 ҳолати вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои дахлдор андешида шуд, — зикр кард Сулаймон Султонзода.

Р. УМАР, «Садои мардум»