Нишастҳои матбуотӣ

Тағйири номи 50 маҳали аҳолинишин ва ҷамоати деҳот рад гардид

№94 (3731) 08.08.2017

DSC_0041Аз гузориши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ (31 июли соли 2017) бармеояд, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» корҳои зиёде анҷом шудааст.

Агар дар шаш моҳи соли 2016-ум 6 фарҳанг­нома (дар соҳаҳои забоншиносӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, компютерӣ ва техникӣ) дар ҳаҷми 16094 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда бошанд, дар шаш моҳи аввали соли равон 21981 истилоҳ (дар соҳаҳои техникӣ, варзишӣ, кишоварзӣ, байторӣ ва илмҳои дақиқ) мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Инчунин, масъалаи номгузории 28 ташкилоту муассиса аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 135 маҳали аҳолинишин баррасӣ шуда, хулосаҳо пешниҳод гардиданд.

Кумита зимни номгузорӣ бо дарназардошти такрори номҳо, номгузорӣ ба номи ашхос, сарфи назар намудан ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии онҳо тағйири 50 номи маҳали аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намудааст. Ҳоло 17 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод шудааст.

Дар назди кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузорӣ ва дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мавҷуд набудани номи интихобнамудаи онҳо хулоса пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал аз ҷониби гурӯҳи кории кумита ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузорӣ хулоса пешниҳод гардидааст. Илова бар ин, дар ин давра ба 7 нафар муроҷиаткунанда оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ хулоса пешниҳод шудааст.

Дар нимсолаи аввал ба кумита 440 мактубу дархост ва барқияи телефонӣ, аз ҷумла 126 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 233 адад аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, 30 барқия ва 51 аризаи хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ворид шудааст.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»