Нишастҳои матбуотӣ

Таъминот бо техникаи кишоварзӣ беҳтар шудааст

№91 (3728) 29.07.2017

DSC_1649Муовини якуми директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Ботир Муъминов 26 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба корхона дар 6 моҳи соли равон 13420500 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 2682300 сомонӣ зиёд мебошад. Корхона дар ин давра 25 комбайни ғаллаву шолидарави тамғаҳои «Нива-Эффект» ва «Класс»-и истеҳсоли Федератсияи Россия ва Олмон, 98 трактори гуногунтамға, 212 адад мошинолоти кишоварзӣ ворид намуд.

- Имрӯз дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият намуда, бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 17386 607 сомонӣ мукаммал  карда шуданд. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 6064182 сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Ботир Муъминов.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Зеваршоев иброз дошт, ки то охири моҳи сентябр дар шаҳри Ҳисор Корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзии Тоҷикистону Белорус  ба истифода дода мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 70 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ тибқи шартнома ба маблағи 1,8 миллион доллари амрикоӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон култиватор ва техникаи дорупошӣ ворид карда мешавад. Аллакай як қисми култиваторҳо ворид шудаанд. То ҳол хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз култиваторҳои даврони шӯравӣ истифода мебурданд.

Ботир Муъминов пешниҳоди хабарнигори «Садои мардум»-ро дар хусуси истифодаи биогаз барои техникаи кишоварзӣ қобили қабул дониста, таъкид намуд, ки ин иқдом дар кам кардани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»