Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар соли 2020

№23 (4285) 20.02.2021

Техналогияи нав - (1)Соли сипаришуда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30 миллиарду 820,8 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2019-ум 109,7 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бино ба гуфти ӯ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61,7 дарсад ба саноати коркард, 23,9 — таъминоти барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 13,9 — саноати истихроҷ ва 0,5 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд. Дар ин давра ба маблағи 14 миллиарду 490,8 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шудааст, ки аз он 12 миллиарду 519,1 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.

- Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соли 2020 дар ҷумҳурӣ 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 6500 ҷойи кори нав ба истифода дода шуд. Дар онҳо ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он 4,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатиро ташкил медиҳад.

Соли сипаришуда барои воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 6 миллиарду 411 миллион сомонӣ маблағи дохилии корхонаҳо ва сармояи хориҷӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2019-ум 291 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт номбурда.

Иттилоъ гирифтем, ки соли гузашта 2274 корхонаи саноатӣ аз 1922 адад пурра, 242 корхона мавсимӣ фаъолият намуда ва 110 корхона аз фаъолият бозмондааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»