Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси 31 ҳазор ҷои кор дар соли 2019

№22 (4128) 18.02.2020

DSC_096812 феврали соли равон Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир кард. Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода қайд намуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли сипаришуда ба 15, 1 млрд. сомонӣ расид ва ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 18 фоизро ташкил дод.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (121 фоиз), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (118 фоиз), гардиши савдо (108 фоиз), мусофиркашонӣ (114 фоиз) ва боркашонӣ (105 фоиз) таъмин  гардид. Корхонаҳои саноатии пойтахт  истеҳсоли маҳсулотро  ба 2,7 млрд. сомонӣ расониданд. Истеҳсол дар соҳаи саноати истихроҷ 44 млн. сомонӣ ё 3,2 баробар, саноати коркард 1,7 млрд. сомонӣ ё 18 фоиз, истеҳсолу истихроҷи неруи барқу гармӣ ва обтаъминкунӣ 927 млн. сомонӣ ё беш аз 12 фоиз афзуд. Содироти маҳсулоти саноатии шаҳр ба 5,2 млн. доллари амрикоӣ баробар гардид.

Соли 2019 дар пойтахт 62 корхонаи нави саноатӣ бо 800 ҷои корӣ ба фаъолият оғоз намуд ва аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав, баланд бардош­тани иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳо дар маҷмӯъ 31 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, ҳамчунин, зикр намуд, ки бори аввал дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 1,5 млрд. киловатт — соат неруи барқ  истеҳсол шуд, ки нисбат ба даврони шӯравӣ ду баробар зиёд аст. Истеҳсоли гармӣ ба 840 гигакалорий баробар ва 38 км хатҳои гармигузар ба маблағи 62 млн. сомонӣ азнавсозӣ гардид. Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 беш аз 2300 иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда шуд.

Дар тӯли сол 345 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳатҳои тиҷоратӣ, 11 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ барои 16 ҳазор ҷои нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд. Кашонидани мусофирон бо ҳама намуди нақлиёт 312 млн. нафарро ташкил дод. Дар ин давра 100 автобус ва 100 троллейбус харидорӣ шуда, соли 2020 низ харидории ҳамин миқдор автобусу троллейбус дар назар аст.

Н.НИЗОМӢ«Садои мардум»