Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси беш аз ҳазор ҷойи корӣ дар Хатлон

№18 (3968) 14.02.2019

раиси вилоятРаиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти матбуотӣ соли 2018 — ро соли рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат, аз ҷумла, вилояти Хатлон, арзёбӣ кард.

Ӯ афзуд, ки иҷрои нақшаи андозҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гардид ва ба буҷет 1328,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Гардиши савдо ба 4,9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017 — ум 369,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 8,2 фоизро ташкил медиҳад. Гардиши савдои хориҷӣ 368,1 миллион доллари америкоиро ташкил дод. 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 416,7 миллион доллари америкоӣ амалӣ шуд, — гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раиси вилоят, кишоварзон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 12 миллиарду 837,4 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 319 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 7,4 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 913 миллион сомонӣ зиёд аст. Соли гузашта дар вилоят 74 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 1001 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Журналистон доир ба масъалаҳои ободониву бунёдкорӣ, фарогирии мавҷи телевизиони Хатлон, ҳолати мелиоративии заминҳо, иҷрои барномаҳои қабулгардида, шуғли аҳолӣ суол пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»