Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси чор воҳиди иловагии корӣ барои назорати сохтмони НБО «Роғун»

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_5277Зимни нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 июли соли 2021 баргузор гардид, сардори он Раҳим Санъат зикр намуд, ки дар натиҷаи рух додани 19 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ 11 нафар ҳалок ва 37 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар робита ба ҳодисаҳои зикршуда санҷиши техникӣ гузаронида, парвандаҳо ба мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ирсол шуд.

Раҳим Санъат, инчунин, қайд намуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ нозирони хадамот 985 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳо 125 санад — нишондод пешниҳод гардид. Дар 16 корхона кор қатъ гардида, нисбат ба 177 шахси ҳуқуқӣ ва масъулини корхонаҳои ба қайдгирифташуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар асоси дархост бо тартиби муқарраргардида дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 88 иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ, 56 шаҳодатнома барои харид ва интиқоли маводи тарканда ва 34 шаҳодатнома барои истифодаи анборҳои маводи тарканда дода шуд.

Роҳбарият ва кормандони хадамот ҷиҳати бехатарии саноатӣ ва пешгирии садамаҳои нохуши истеҳсолӣ фаҳмондадиҳиро тавсеа бахшида, 1166 корманди муҳандисию техникиро аз санҷиши малака гузарониданд. Бо мақсади пурзӯр намудани назорати сохтмони НБО «Роғун», тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли ҷорӣ, 4 воҳиди кории иловагӣ ба хадамот ҷудо гардид.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли ҷорӣ вобаста ба амалисозии лоиҳаи «Мустаҳкамкунии бехатарии амалиёти саноати кӯҳӣ, аз ҷумла, полоишгоҳҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ» ба тариқи онлайн ҷаласа гузаронида шуд. Дар он аз намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш гардид, ки дар сурати ошкор намудани қоидавайронкунӣ дар самти истифодаи иншооти борбардор (лифтҳо, кранҳо, экскалаторҳо, зарфҳои зери фишор коркунанда) ба хадамот муроҷиат намоянд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»