Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси кафедраи «Технологияи ВАО» дар ДДФС

№97 (4359) 27.07.2021

Rector-Nizomi-Muhriddin-Zaynidin-232Дар нишасти матбуотие, ки 22 июли соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ­санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» баргузор гардид, ректори он Муҳриддин Низомӣ зикр кард, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, стандартҳои таҳсилоти касбӣ ва нақшаҳои таълимии муассиса оид ба тахассусҳо бо дарназардошти талаботи низоми кредитӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикмстон аз нав таҳия шуда, айни замон аз рӯи онҳо китобҳои дарсӣ омода гардида истодааст.

Имсол 608 донишҷӯ ба имтиҳони хатм роҳ ёфтанд, ки аз онҳо 223 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 34 кас дар бахши магистратура таҳсил мекарданд.

 Бо қарори Шӯрои олимон кафедраи «Технологияи ВАО» бо ихтисосҳои «ВЕБ — журналистика», «РR- робита бо ҷомеа» ва «Кинотелеоператор» таъсис ёфт. Зимни шарҳу тавзеҳи ин иқдом зикр гардид, ки кафедра аз моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ба он устодони ҳирфавӣ ҷалб хоҳанд шуд.

 Инчунин, ду монография, китоби дарсӣ, ду дастури таълимӣ ва беш аз 100 мақолаи илмӣ ва 25 мақолаи кормандон дар нашрияҳои бонуфузи хориҷӣ ба табъ расиданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»