Аз нишастҳои матбуотӣ

Талаботи ҷиддӣ нишондиҳандаҳоро беҳбуд бахшид

№25 (4131) 25.02.2020

IMG_7989Гузаштан аз аттес­татсия, гузариш ба стандартҳои нави таҳсилот, ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, иштироки донишҷӯён дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз нишондиҳандаҳои хуби фаъолияти кормандони мо маҳсуб мешавад, — гуфт директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва Сайъало Мирзоев дар нишасти матбуотӣ.

Таълим дар филиали ДДМ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст. Барномаҳои таълимӣ аз рӯи 6 равия дар ду факултет – илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ ҷараён дошта, теъдоди донишҷӯён 490 нафарро  ташкил медиҳад. Соли гузашта 207  омӯзгори ботаҷриба, ки аз онҳо 52 нафар доктори илм ҳастанд, барои гузаронидани машғулият­ҳои тахассусӣ сафарбар шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар китобхона боргоҳи илму маърифат донишҷӯён аз 20 ҳазор нусха китобҳои тахассусӣ ва маркази электронӣ, ки бо маркази электронии Донишгоҳи давлатии Москва  пайваст мебошад, истифода мебаранд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, 80 донишҷӯйи равияҳои табиӣ корҳои илмӣ-тадқиқотиро, ки ба онҳо олимони Пажӯҳишгоҳи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамоянд, ба анҷом расониданд.

Сабаби таҳсили теъдоди ками донишҷӯёни хориҷиро дар филиал Сайъало Мирзоев дар талаботи ҷиддӣ ва хуб надонистани забони русӣ арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки сабаби хориҷшавии донишҷӯён низ маҳз ҷавобгӯ набудан  ба  талабот мебошад.

А. МИРЗОЕВ, «Садои мардум»