Тасдиқинақшаи генералии 62 шаҳру ноҳия

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

СохтмонСоли 2019 дар масоҳати умумии 1 миллиону 364 ҳазору 500 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 21706 ҷой, беморхона барои 469 кат, дармонгоҳ барои 1059 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1325 ҷой ба истифода дода шуданд. Дар ин бора 31 январи соли равон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода иттилоъ дод.

Ба гуфти номбурда, дар давраи мавриди назар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 12 миллиарду 140 миллиону 300 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Қайд гардид, ки то имрӯз аз шумораи умумии 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаи генералии 62 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расид ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ соли 2019 ба маблағи 31190244,0 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд.

Дар ин давра тибқи нақшаи корӣ мутахассисони кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорат ва татбиқи нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Дарвоз, Ванҷ, Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра сафарбар шуданд.

- Аз натиҷаи боздид барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба унвони мақомоти зикршуда мактуби расмӣ ирсол шуд ва иҷрои онҳо зери назорат қарор дорад, — афзуд Ҷамшед Аҳмадзода.

Иттилоъ гирифтем, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Шӯрои нозирон, Ситоди ҷумҳуриявӣ, нақшаи тақвимии бакорандозии иқтидорҳои НБО «Роғун» чораҳои зарурӣ андешида, масъалаҳои матраҳшуда, аз ҷумла, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин кардани неругоҳ, нархгузорӣ ва дархости ташкилотҳои дар ин иншоот фаъолиятдошта, ҳаллу фасл гардиданд. Бино ба гуфти раиси кумита, аз тарафи мутахассисон дар соли 2019 оид ба назорати сифати корҳои сохтмону васлгарӣ дар НБО «Роғун» 424 санҷиш гузаронида, 575 камбудӣ ошкор шуд.

Ҷамшеди Сабоҳиддин«Садои мардум»