Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳ ба намудҳои олимпии варзиш бештар аст

№85 (3722) 18.07.2017

DSC_0671+9- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8944 чорабинии илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, конфронсу форум, ҳамоишу аксия ва мулоқоту вохӯрӣ баргузор намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 маротиба зиёд мебошад. Дар ин чорабиниҳо 2 873 313 нафар фаро гирифта шудаанд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 3,1 маротиба бештар аст, — зикр кард раиси кумита Аҳтам Абдуллозода 13 июл зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки бо эълон гардидани соли 2017 — Соли ҷавонон бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Вай аз иқдоми роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин кардани онҳо ёдовар шуд.

Аҳтам Абдуллозода гуфт, ки кумита баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон марҳила ба марҳила тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар ин давра дар таъмини оммавияти варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим 4184 чорабинӣ бо фарогирии 893478 нафар гузаронида шудааст.

Аҳтам Абдуллозода, инчунин, изҳор дошт, ки дар кишвар ба намудҳои олимпии варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад, вале барои рушди намудҳои миллии варзиш низ корҳои зиёде ба иҷро мерасанд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»