Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳ ба туризми аграрӣ хоса аст

№91 (4196) 28.07.2020

20181026_093011- Дар нимсолаи аввали соли равон дар мамлакат 188 меҳмонхона, 26 ҳостелу 45 осоишгоҳ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 хонаи  истироҳатӣ, пансионат, кемпинг ва 4 базаи сайёҳию истироҳатӣ фаъолият намуданд, — гуфт муовини якуми раиси  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 24 июл баргузор гардид. — Алҳол шумораи кормандони субъектҳои сайёҳӣ 3932 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 468 нафар кам мебошад.

Бинобар паҳншавии бемории коронавирус сарҳадҳо баста шуда, фаъолияти хатсайрҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан қатъ гардиданд. Басташавии марзҳо  ба ҷумҳурӣ омадани сайёҳонро коҳиш дод. Аз ҷумла, дар семоҳаи дуюми соли равон ба ҷумҳурӣ даҳ ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид шуданд. Бо сабаби камшавии вуруди сайёҳон ширкатҳои сайёҳӣ ноилоҷ як қисми кормандонро ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Ҳабибулло Амирбекзода, инчунин, зикр намуд, ки шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба 223 адад  расида, дар шаҳри Душанбе — 108, ВМКБ — 44, вилояти Суғд — 40 ва Хатлон 19 ширкат фаъолият мекунанд.

Бо 7 кишвар, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекис­тон, Кувайт, Шоҳигарии Ҳошимии Ӯрдун, Конфедератсияи Швейтсария ва Франсия Созишномаи ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, 54 ширкати сайёҳии ватанӣ бо 36 ширкати сайёҳии хориҷӣ қарордод бастанд.

Ҳамчунин, дар мамлакат ба рушди туризми  аграрӣ (агротуризм) таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Бо ин мақсад 44 хатсайри сайёҳӣ таъсис дода шуд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»