Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ меафзояд

№90 (4196) 25.07.2020

Ректор 25- Тибқи мушоҳида ва хулосаи олимону омӯзгорон, таваҷҷуҳи падару модарон ба забономӯзии фарзандон меафзояд. Аз ин хотир тасмим гирифтем оянда дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гимназия таъсис диҳем, -  гуфт ректори таълимгоҳ Маҳмадулло Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ, ки 23 июли соли 2020 доир гардид.

-   Имсол дар боғи Ирам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии базми «Гули лола» гардиданд. Иштирокдорони барнома — донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури Пешвои миллат дар васфи гули лола шеър хонданд. Сарвари давлат зимни суҳбат бо донишҷӯён барои аз худ кардани забонҳои гуногун дастуру ҳидоят доданд ва ин суҳбати самимию судманд барои донишҷӯён ифтихори бузург буд, — афзуд М. Раҷабзода.

Номбурда зикр кард, ки дар донишкада 357 корманд фаъолият менамоянд, ки 54 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии  омӯзгорони асосӣ 173 нафар мебошад, ки 40 фоизи онҳо дорои дараҷаҳои илмӣ ҳастанд. Аз ҷониби олимону омӯзгорони донишкада  9 номгӯй монография, 11  дастури таълимӣ, 2 маҷмӯи мақолаҳои илмӣ  ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ  чоп шуд. Дар соли таҳсили 2019 — 2020 донишкадаро 687 нафар, аз ҷумла, 25 кас бо дипломи аъло хатм намуданд. Аз шумораи  умумии хатмкунандагон 151 мутахассиси ҷавони равияи омӯзгорӣ тибқи қарори  комиссияи тақсимот ва роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷои кор фиристода шуданд.

Парки технологии донишкада  фаъолиятро дар асоси Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, франсузӣ, чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ба роҳ мондааст. Муваффақияти дигар таъмири хобгоҳи донишкада, бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин намудан ва  ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудани он мебошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»