Аз нишастҳои матбуотӣ

Тавсияномаҳо бепул дода мешаванд

№4 (3641) 14.01.2017

Кум ДИН (1)Муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷумъахон Ғиёсов зимни нишасти матбуотӣ, ки 10 январи соли ҷорӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид, роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 сухан ронда, зикр намуд, ки то ба имрӯз 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3542 масҷиди панҷвақта, як Маркази исломӣ, 69 ташкилоти динии ғайриисломӣ, се ҷамоатхона, дар маҷмӯъ 3989 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.

- Соли гузашта мо маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, дастрас  намудем. Маълум гардид, ки 3493 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар таҳсил доштаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, то ба имрӯз 3210 донишҷӯй ба Ватан баргардонида шуд. Мутаассифона, аз ин теъдод 92 нафарашон бо роҳҳои гуногун дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд, — иброз дошт Ҷумъахон Ғиёсов ва таъкид намуд, ки масъалаи мазкур таҳти назорати доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Кумита мавсими «Ҳаҷ-2016»-ро муваффақона ташкил намуд. Сафарбаркунии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр», ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ширкати ҳавопаймоии «Флайнас»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ гардид.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита маҳсуб меёбад. Комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо соли гузашта 22893 рейд гузарониданд. Вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол шуд. Маблағи ҷаримаҳои ин парвандаҳо 2427590 сомониро ташкил дод.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар нишаст таваҷҷуҳи роҳбарони кумитаро ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз қабили вазъи ногувори аксар қабристонҳо, ки аҳолии як қатор минтақаҳои кишвар онҳоро ба макони поруандозӣ, ҷойи бозии футбол табдил додаанд, фаъолияти имомхатибон, ки бидуни пешниҳоди санади қайди давлатии ақди никоҳ никоҳи мусалмонӣ анҷом медиҳанд, қонуншикании як идда масъулони  бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки дар аксар маврид масъулони бахши дин ва танзими анъана дар шаҳру ноҳия ва деҳоту шаҳракҳо бар ивази додани тавсияномаҳо оид ба баргузории тӯй ва ҷашну маросимҳо аз муроҷиаткунандагон бо нишон додани ин ё он сабаб маблағ меситонанд.

- Тавсияномаҳо бепул дода мешаванд, — хеле кӯтоҳ ва фаҳмо ҷавоб доданд роҳбарони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»