Аз нишастҳои матбуотӣ

ТБАГ ба авиатсияи граждании Тоҷикистон баҳои баланд дод

№21 (4127) 15.02.2020

Авиацияи Точик (2)- Яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар соли сипаришуда таъмини бехатарии парвозҳо буд. Дар робита ба ин, нозирони Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ТБАГ) аз 4 то 13 декабри соли 2019 соҳаи авиатсияи граждании кишварро дар самти таъмини бехатарии авиатсионӣ мавриди санҷиш қарор ва ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сатҳи дониши кормандон — нозирони агентӣ дар самти бехатарии авиатсионӣ, ки курсҳои махсуси марказҳои таълимии эътирофшудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданиро гузаштаанд, баҳои баланд доданд,-  иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Қайд шуд, ки соли 2019 кормандони фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба 2 миллиону 245,4 ҳазор мусофир хизмат расондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 248,4 ҳазор нафар ё 12,4 фоиз зиёд аст. Дар ин давра бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон бо мақомоти авиатсияи граждании ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Гурҷистон, Франсия, Қатар, Федератсияи Россия ва Салтанати Умон мулоқот доир гардид.

Икром Субҳонзода, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар натиҷаи тадбирандешӣ дар давраи мавриди назар амалишавии парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ, дастрасии бору бағоҷ ва хизматрасонӣ беҳтар шуд.

Доир ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» зикр гардид, ки «Барномаи махсуси дастгирии давлатии  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2018 – 2023» қабул шудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» қаноатбахш арзёбӣ гардид. Ин корхона дар соли 2019 ба 46032 ҳавопаймо хизмат расонидааст. Икром Субҳонзода ёдовар шуд, ки 27 июни соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи нави назоратӣ – танзимгарии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Манораи мазкур ба талаботи муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, имкон медиҳад, ки бехатарии парвозҳо беш аз пеш таъмин шавад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»