Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди аъзои Палатаи савдо ва саноат зиёд шуд

№94 (4356) 17.07.2021

DSC_5593Ҷиҳати омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб омодагӣ тибқи нақша идома дорад. Муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров 14 — уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки палата ҳамчун оператори миллии ин намоишгоҳи ҷаҳонӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, барои меҳмонони ғурфаи Тоҷикистон «Роҳнамои тиҷоратӣ» дар шакли флешкортҳо пешниҳод мешавад, ки дар он ба забонҳои англисӣ ва русӣ маълумот мавҷуд аст.

- Бо мақсади тавсеаи муносибат бо роҳбарон ва намояндагони палатаи давлатҳои хориҷӣ, сафоратҳо, ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ 63 вохӯрӣ гузаронида, якҷо бо дигар вазорату идораҳо 8 бизнес — форуми доираҳои соҳибкорӣ, 21 конфронсу семинар ва 13 суҳбати гирди миз доир шуд, — гуфт Насимҷон Анваров.

Оғози моҳи июни соли равон дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Покистон, Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ПСС Сиялкоти Покистон, Ёддошти тафоҳум байни ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ПСС Лоҳури Покистон ба имзо расид, ки барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Инчунин, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба аъзогии палата 14 корхонаю ташкилоти ҷалб шуда, шумораи умумии аъзо ба 849 адад расид.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»