Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди нафақагирон афзудааст

№15 (3965) 07.02.2019

DSC_4516Соли 2018 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 636 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2017-ум 178,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 578,7 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба як соли пеш 5,7 дарсад зиёд аст.

Ин нуктаро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов панҷуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Бино ба гуфти ӯ, мувофиқи талабот нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, ки пардохтҳои иҷтимоии кафолатноки давлатӣ муайян шуда, яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, соли сипаришуда аз рӯи реҷаи муайяншуда сари вақт ва пурра маблағгузорӣ шуд. Номбурда иттилоъ дод, ки то якуми январи соли 2019 теъдоди умумии нафақагирон 687050 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли пеш 21972 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 433026 нафар нафақаи меҳнатӣ, 115916 нафар нафақаи суғуртавӣ ва 138108 нафар нафақаи иҷтимоӣ мегиранд. Теъдоди гирандагони нафақа аз рӯйи маъюбӣ 145896 нафарро ташкил менамояд, ки 2755 нафараш кӯдаконанд. 7,5 дарсад ё 51605 нафари нафақагирон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.

Соли 2018 ҳамчун пардохткунандаи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ 92149 нафар шахси воқеӣ ба қайд гирифта, ба онҳо рақами мушаххаси суғуртавӣ дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»