Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди нафақагирон дар Ҷумҳурӣ 665078 нафар аст

№16 (3810) 06.02.2018

Сугуртаи Ичтимои ва Нафака (1)- Соли сипаришуда гузариши пурра ба низоми суғуртавии таъминоти нафақа яке аз масъалаҳои муҳим буд, ки аз 1 январи соли 2017 тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ шуд.

Тибқи қонуни зикршуда,  ба 53765 нафар нафақа таъин карда шудааст, ки аз ин 36317 нафақаҳои суғуртавӣ ва 17448 нафақаҳои иҷтимоӣ мебошад, — гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назокат Хайрулло.

Зикр гардид, ки теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2018 ба 665 078 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22137 нафар ё 3,4 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият корҳо дар самти гузариш ба пардохти нафақа тавассути кортҳои пардохтӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тавсия ёфт.

Н. Одиназода иттилоъ дод, ки соли 2017 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 459,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016 афзоиш 306 миллион сомонӣ ё 14,2 фоизро ташкил менамояд. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 439 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2016-ум 245,2 миллион сомонӣ ё 11,2 фоиз зиёд аст.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»