Нишасти матбуотӣ

«Тоҷикматлубот» содироти меваю сабзавотро зиёд кард

№ 23.07.2016

 ТочикматлуботБарои таъмини аҳолии мамлакат бо  меваю сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон  гармхонаю сардхонаҳои замонавӣ нақши муҳим мебозанд. Бо мақсади амалисозии «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2019» ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони сардхона барои нигоҳдории 1500 тонна маҳсулот идома дорад.

Иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков дар нишасти матбуотие, ки 21 июл баргузор гардид, дар ин хусус иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки дар хоҷагиҳои ёрирасони  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» алҳол 33  гармхона мавҷуд аст, ки ба мавсими зимистони навбатӣ омодаанд.

-Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва пешгирӣ намудани болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе 12 адад автомашинаи боркаш харида шуд, ки имрӯзҳо дар  минтақаҳои гуногуни пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ мефурӯшанд. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар сохторҳои кооператсияи матлубот 68 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд.

Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дар нимсолаи аввал 1640,2 тоннаро ташкил дод. Ин рақам соли гузашта ба 549 тонна баробар буд. Аз маҳсулоти содиршуда 1080 тоннаашро пиёз, 517,4 тоннаашро зардолу ва 42,8 тоннаашро гелос ташкил дод.

Маҳсулоти мазкур ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир шуд.

Бо мақсади афзоиши иқтидори содиротии кишвар Иттифоқи  «Тоҷикматлубот» тавассути  бастани созишномаҳои хамкорӣ ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва консерваҳоро ба хориҷи мамлакат зиёд хоҳад кард, — гуфт Хуршед Сангаков..

С. СУННАТӢ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ