Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳукумат барои харидории инсулин 3 миллион сомонӣ ҷудо кард

№4 (3641) 14.01.2017

Тандурусти (1)- Бемории қанд аз бемориҳое мебошад, ки мутаассифона, гирифторшавии одамон ба он сол то сол зиёд шудааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории доруи инсулин дар соли 2017-ум 3 миллион сомонӣ ҷудо кард,- изҳор дошт  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дар нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, имрӯз қисми зиёди маводи доруворӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид мегардад ва танҳо 22 ширкати ватанӣ бо истеҳсоли 200 номгӯйи доруворӣ ҳамагӣ 10 фоизи талаботи кишварро таъмин менамоянд.

Доир ба муоинаи ҳатмии тиббии пеш аз издивоҷ номбурда зикр кард, ки пас аз қабули қонун 32 ҳазор нафар аз ин намуди муоина гузаштанд. Ин амалро масъулин барои солимии ҷомеа ва насли оянда муҳим арзёбӣ карданд. Мувофиқи қонун гузаштан аз муоинаи тиббӣ ройгон буда, оид ба ситонидани маблағ аз ҷониби табибон ягон шикоят ба вазорат ворид нашудааст.

Дар давраи мавриди назар 103 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 43 корманди соҳаи тиб ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»