Аз нишастҳои матбуотӣ

Умед Бобозода: «Аксари муроҷиатҳо ба муҳокимаҳои судӣ марбутанд»

№19 (4125) 11.02.2020

Умед БобозодаВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 30 январ зимни нишас­ти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли гузаш­та 3249 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 700 муроҷиат ба дастгоҳи марказии ВҲИ ворид гардидааст.

- Аз 700 муроҷиати ба дастгоҳи марказии ВҲИ воридгардида 45 адади он ба таври мусбат ҳал шуд. Бештари муроҷиатҳо ба ҳуқуқ — ба муҳокимаҳои судӣ, хусусан, норизоӣ аз санадҳои қабулшудаи судӣ, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо, мусоидат барои баррасии одилонаи парвандаҳо ва ғайра дахл доштанд, — гуфт ӯ.

Умед Бобозода афзуд, ки баррасии вазъи ҳуқуқи инсон аз тарафи ВҲИ дар асоси муроҷиати шаҳрвандон сурат мегирад, аммо, вақте ки риояи ҳуқуқи инсон халалдор мешавад, бояд тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назорат баранд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) дар Тоҷикистон Аҳад Содиқов изҳор дошт, ки вазъи кӯдакони соли гузашта бо супориши Пешвои миллат аз давлати Ироқ ба Тоҷикис­тоноварда хуб аст. Онҳо бо омӯзгорон ва равоншиносон таъмин карда шудаанд.

- Ин гурӯҳи кӯдакон дар назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор доранд ва пайваста аз аҳволашон хабар гирифта мешавад. Ба онҳое, ки ҷиҳати аёдати наберагонашон ба мо муроҷиат намуданд, мусоидат кардем.

М. УСМОН, «Садои мардум»