Усмоналӣ Усмонзода: «Лоиҳаи Кодекси об ва Қонун дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар таҳрири нав таҳия шуд»

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_3949Соли гузашта дар кишвар 19 миллиарду 742,7 миллион кВт. соат неруи барқ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2017 — ум 1 миллиарду 628,5 миллион кВт.соат зиёд буда, дар таърихи энергетика нишондоди рекордӣ ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода 28 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бино ба гуфти ӯ, соли гузашта 2 миллиарду 406 миллион кВт.соат неруи барқ содирот шудааст, ки 1,9 маротиба зиёд мебошад.

Инчунин, истеҳсоли гармӣ низ нисбат ба як соли пеш 228,7 ҳазор Гкал афзуда, 656,8 ҳазор Гкал — ро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, барои қабули гармӣ 1802 бинову иншоот дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷрои он 103 дарсадро ташкил медиҳад.

Усмоналӣ Усмонзода зикр кард, ки дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025» корҳо оид ба гузариш ба идоракунии ҳавзавии захираҳои об идома дошта, барои такмили қонунгузории соҳа лоиҳаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар таҳрири нав таҳия гардид.

Ҳамчунин, ташкилоту идораҳо аз сарчашмаҳои гуногун зиёда аз 7,8 миллиард метри кубӣ об истифода намуда, меъёри аз ҷониби Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об барои Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқгардида 12,6 миллиард метри кубиро ташкил дод, ки 77,8 дарсади он ба ҳавзаи Амударё ва 22,2 дарсад ба ҳавзаи Сирдарё рост меояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»