Аз нишастҳои матбуотӣ

Усмоналӣ Усмонзода: «Зимистон ҳамагӣ 50 мВт неруи барқ содирот мешавад»

№15 (3809) 03.02.2018

Вазорати Энергетика ва Захирахои ОБСоли сипаригардида истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҳама манбаъ 18 миллиарду 114,3 миллион кВт.соатро ташкил дод, ки  нисбат ба як соли пеш 889,8 миллион кВт.соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 105,2 дарсад баробар аст. Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода  30 январи соли равон зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, ҳаҷми умумии содироти неруи барқ соли 2017 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» 1 миллиарду 304 миллион кВт. соатро ба маблағи 454,6 миллион сомонӣ ва аз ҷониби Ширкати «Помир-энерҷӣ» 4 миллиону 7 ҳазор кВт.соатро ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ташкил дод. Номбурда дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигорон оид ба содироти неруи барқ дар фасли зимистон зикр кард, ки дар ин давра 50 мВт неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон содирот мешавад, ки он ҳам ба хотири нигоҳ доштани иншооти интиқоли неруи барқ аст, зеро дар сурати зери шиддат қарор надоштани хатҳои интиқоли неруи барқ эҳтимоли дуздидани онҳо вуҷуд дорад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар самти ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ бо шарикони рушд ҳамкорӣ идома дош­та, айни замон дар соҳаи захираҳои об 19 лоиҳа ба маблағи 329,4 миллион доллари ИМА мавриди амал қарор дошта, панҷ лоиҳаи дигар ба маблағи 74,2 миллион доллар дар марҳилаи оғози татбиқ қарор доранд.  Доир ба соҳаи нафту газ иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 истихроҷи нафт 23 482 тонна ва истихроҷи газ 1 миллиону 492 метри мукаабро ташкил намуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, 

«Садои мардум»