Аз нишастҳои матбуотӣ

Устодони ДЭТ соҳиби 5 патенти ихтироот гардиданд

№19 (3969) 16.02.2019

ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ БОХТАР- Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикис­тон, ки зодаи даврони истиқлол аст, донишҷӯён аз рӯйи 12 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 122 омӯзгор, аз ҷумла, 21 номзади илм ва 4 доктори илм, дарс медиҳанд, — гуфт ректори он Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ва илова кард, ки соли 2018 маротибаи ҳаштум аст, ки донишҷӯёни шуъбаи рӯзона донишкадаро хатм менамоянд. Ҳоло 5 нафар хатмкардаи болаёқат ҳамчун мутахассиси ҷавон барои кор дар боргоҳи илм фаъолият доранд.

Зикр шуд, ки устодон соли гузашта барои навоварӣ соҳиби 5 патенти ихтироот гардиданд ва ҳоло донишкада бо 31 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва 13 муассисаи таҳсилоти олию пажӯҳишгоҳи ватанӣ барои ҳамкорӣ шартнома бастааст. 19 нафар устоди донишкада дар асоси шартнома дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва 36 нафар дар муассисаҳои олии мамлакат таҳсил намуда истодаанд.

Хайрулло Назарзода афзуд, ки дар асоси шартнома 4 нафар омӯзгори ҷавони донишкада ба Институти политехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Амури Шарқи Дур ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура дохил шуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»