Аз нишастҳои матбуотӣ

Ваҳдат. Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар қиёс ба соли 2016 аз 0,2 то 29 дарсад зиёд гардид

№19 (3813) 13.02.2018

DSC06667Дуюми феврали соли 2018 раиси шаҳри Ваҳдат, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Раҳмоналӣ Амир ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки кишоварзони шаҳр соли сипаришуда дар майдони 17165 гектар кишти асосӣ ва дар 3500 гектар кишти такрории зироатҳоро ба роҳ монда, дар маҷмӯъ 40123 тонна ғалла, 70017 тонна сабзавот, 17892 тонна картошка, 520 тонна пахта, 14606 тонна мева ва 9057 тонна ангур истеҳсол намуданд. Чорводорон саршумори чорвои калони шохдорро ба 79576 сар, моли майдаро ба 154830, парандаро ба 556 ҳазор, аспро ба 1175 сар ва занбӯри асалро ба 14991 оила расонида, 11426 тонна гӯшт, 30985 тонна шир, 41 миллиону 645 ҳазор дона тухм, 246 тонна асал истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо ба ғайр аз истеҳсоли картошка дар қиёс ба соли 2016 аз 0,2 то 29 фоиз зиёд аст.

Раиси шаҳр, ҳамчунин оид ба сохтмон, нақлиёту роҳ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ибрози назар намуда, гуфт, ки қарздории буҷети шаҳр аз ин соҳаҳо вуҷуд надорад.

Раҳмоналӣ Амирзода афзуд, ки нақшаи андози иҷтимоӣ 128,3 фоиз иҷро шуда бошад ҳам, новобаста ба андешидани чораҳои зарурӣ, нақшаи солонаи ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ иҷро нагардид ва он 91 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 11 миллиону 068 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2016-ум 3 миллиону 251 ҳазор сомонӣ кам аст.

Хабарнигорон доир ба саҳлангории баъзе аз масъулон дар мавриди тоза нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр, қонуншиканӣ дар истифодаи заминҳои киштшаванда, рушди соҳаи пахтакорӣ ва таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ, ҳолати ғайрисанитарии дарёи Кофарниҳон ва бозорҳои ғайрирасмии атрофи он, бозори марказии ноҳия, таъмирталаб будани қисме аз роҳҳои маҳаллӣ суол пешниҳод карда, посух гирифтанд.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир аз камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон барои рафъи онҳо супориш дод.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»