Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб. муқаррароти кодекси замин 66 маротиба нақз шудааст

№23 (4285) 20.02.2021

DSC00627Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода 11 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гу­заш­та ба буҷети маҳаллӣ ба ҷои 33 миллиону 666 ҳазор сомонии нақша 34 миллиону 444 272 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 102 фоизро ташкил медиҳад. Бақияпулиҳои андоз аз корхонаву ташкилотҳо 4 миллиону 792419 сомониро ташкил дода, нисбат ба як соли  пеш 2 миллиону 498681 сомонӣ зиёд гардид.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 110 миллиону 351800 сомонӣ баробар гардида, дар қиёс ба соли пешин 3 миллиону 938500 сомонӣ зиёд шуд.

Соли сипаригардида аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 66 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва ба прокуратураву суд маълумот ирсол шуд. Дар натиҷа 10,10 гектар камбудиҳои мавҷуда бартараф ва ашхоси муҷрим 47902 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон бунёди 276 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то 154 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони 58 иншоот, аз ҷумла, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳанги маркази ноҳия, ҷараён дорад.

- Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 160 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 11 адад кам мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 87,2 фоизро ташкил дода, бештари онҳоро ҷавонон ва ноболиғон содир намудаанд, — ёдовар шуд М. Шерализода.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»