Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб. Ташрифи 78820 сайёҳи дохиливу хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ

№95 (3889) 07.08.2018

DSC00167Мувофиқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 нақшаи андозҳо ва дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ дар ноҳияи Варзоб бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,7 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 13 миллиону 357,9 ҳазор сомонӣ ва хароҷот 14 миллиону 760 ҳазору 578 сомонӣ иҷро шуд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 352,3 ҳазор ва 2 миллиону 202 ҳазору 773 сомонӣ кам мебошад.

Дар ноҳия 15 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо ба маблағи 10 миллиону 556,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард шудааст. Ин рақам нисбат ба як соли пеш як миллиону 903 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Аз ҷониби соҳибкорон ва тоҷирон 46 бинои замонавии таъиноташон гуногун дар масоҳати 1661,5 метри мураббаъ бо арзиши 10 миллиону 323 ҳазору 280 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Кишоварзон дар майдони 2568 гектар кишт гузарониданд, ки 1778 гектари он ғалладонагӣ, 40 га картошка, 18 га сабзавот, 210 гектар зироатҳои техникӣ ва 517 га алафҳои бисёрсола мебошад.

Вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия, ки дорои табиати дилфиреб, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ мебошад, корҳои зиёд анҷом дода шуд. Дар Варзоб 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 65 — тоаш минтақаи истироҳатии оммавии мавсимӣ мебошанд. Фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб –Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар шаш моҳи аввали соли 2018 ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия 72820 нафар сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ ташриф овардаанд.

Дар ин бора раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ (27 июли соли 2018) иттилоъ дод.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»