Аз нишастҳои матбуотӣ

Вазъи чарогоҳҳои панҷ ноҳия беҳтар гардид

№21 (3971) 21.02.2019

САЪДИ КАРИМЗОДА ЧАРОГОХДиректори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода 15 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда бо ҷалби мутахассисони Институти лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз» тадқиқоти интихобии геоботаникии чарогоҳҳои ноҳияҳои зерҳадаф ба анҷом расид. Ӯ зикр намуд, ки мақсади асосии лоиҳа паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф (Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) мебошад.

- Ҷиҳати самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз ҷониби мутахассисони марказ дар 180 деҳаи ноҳияҳои зерҳадаф ҷамъиятҳои чарогоҳис­тифодабарандагон таъсис ёфт. Ба ҷамъиятҳо баҳри сари вақт кишт ва ҷамъоварӣ намудани хӯроки чорвою зироатҳои кишоварзӣ 199 трактор, 6 экскаватор, 4 комбайни ғалладарав, 5 борбардори фронталӣ, 146 ядак (тележка)- ҳои трактор ва 1300 мошинолоти гуногуни кишоварзӣ, ба монанди ғаллакӯб, испор, алафтойкунак, сихмола ва ғайра супорида шуд, — гуфт Саъдӣ Каримзода.

Мушовири лоиҳа Сиҷоуддин Исроилов зикр намуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ба манфиатгирандагони лоиҳа дар маҷмӯъ 105 тонна тухмии зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла ҷав, юнучқа, ҷуворимакка, лаблабу дастрас карда шуд. Дар баробари расонидани кумакҳои техникӣ аз ҷониби мутахассисони марказ бо сокинони деҳаҳои интихобгардида баҳри беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо, истифодаи самараноки замин, пешгирии бодхӯрдашавӣ ва бунёд намудани «камарбандҳои сабз» семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи лоиҳа 200 зани эҳтиёҷманд дар самтҳои занбӯриасалпарварӣ, маркетинги шир, парваришу бастабандии настаран (хуч) дастгирӣ ёфта, 67 нафар бо чорвои ширдеҳ ва хӯроки консентратӣ барои онҳо таъмин гардид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»