Нишастҳои матбуотӣ

Вазъи рӯёнидани зарар нигаронкунанда аст

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Суди Олии Иктисоди (5)Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1087 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба 860 адади он ҳалнома бароварда шудааст. Ҳамчунин, дар ин муддат барои рӯёнидани зарар ба манфиати давлат ба маблағи беш аз 772 миллион сомонӣ ва 2469476 доллари ИМА талаб карда, аризаҳои даъвогӣ ба маблағи беш аз 372 миллион сомонӣ ва 2444330 доллари ИМА қонеъ кунонида, барои иҷро ирсол шудааст.

Аз ин хусус ва масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон раиси он Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 19 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, маълумот дод.

Оид ба вазъи рӯёнидани маблағҳои зикршуда раиси Суди Олии иқтисодӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки аз 372 миллион сомонии пешниҳодшуда дар давоми ҳисоботӣ андаке беш аз 7 миллион сомонӣ рӯёнида шудаасту халос. Бо дарназардошти андешидани чораҳои таъхирнопазир ва роҳандозии дурусти иҷрои санадҳои судӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 декабри соли 2016) низ таъкид гардидааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода шуда истодааст.

Инчунин, зикр гардид, ки дар нимсолаи якум 68 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуд ва ин саҳми судҳои иқтисодӣ дар амри таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Бо мақсади ҷалби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун панҷ таъиноти хусусӣ бароварда, ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти дахлдор шаш пешниҳод  ирсол гардид.

Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, ҳамчунин дар робита ба саволҳои хабарнигорон оид ба баҳси ширкатҳои мобилӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳси қарздории шаҳрвандони хориҷӣ бо корхонаю муассисаҳо, шахсони алоҳида ва ғайра посухҳои мушаххас дод.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»