Аз нишастҳои матбуотӣ

Вазъи санитарию эпидемиологии маркази Файзобод ногувор арзёбӣ гардид

№99 (4361) 31.07.2021

DSC02010Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода 26 июли соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки шаҳраки Файзобод ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ нест. Роҳҳои пиёдагарди ду шафати роҳи кӯчаи марказӣ ва ҷӯйборҳо пур аз партоб буда, атрофро бӯи ғализ фаро гирифтааст. Дар кӯчаҳои дигари шаҳрак, аз ҷумла, Ҷомӣ, Сино, Рӯдакӣ, Саидшоҳӣ, Розиқзода ва Файзалӣ Қурбоналиев вазъ ногувор буда, аз бемасъулиятии масъулини ҷамоати шаҳрак, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ шаҳодат медиҳад. Мушкилоти дигар бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин набудани сокинони маркази ноҳия мебошад.

Зимни посух ба саволи пешниҳодшуда дар бобати ҳолати ҳузнангези шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат — Рашт — Лахш зикр шуд, ки вазъи ин минтақа, воқеан ҳам, нигаронкунанда буда, раисони ҷамоатҳо ва масъулони соҳа ҷиҳати бартарафсозии камбудӣ супориш гирифтанд.

Оид ба рушди деҳот, таъмини заминҳои корами кишоварзӣ бо оби полезӣ, ишғоли худсаронаи чарогоҳ суол пешниҳод шуд, вале мутасаддиён аз посух додан ба онҳо канораҷӯӣ карданд.

Бобишо Холзода, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта, изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба 31 миллиону 906,6 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18 миллиону 803,4 ҳазор сомонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ба 87 миллиону 554,1 ҳазор сомонӣ, гардиши савдои чакана ба 121 миллиону 775,9 ҳазор сомонӣ ва пардохти қувваи барқи истифодашуда ба 18 миллиону 185,6 ҳазор сомонӣ расид, ки аз нақшаи пешбинишуда мутаносибан 5 — 14 фоиз зиёд мебошад.

Дар робита ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди 374 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳол 286 адади он мавриди истифода қарор гирифта, дар боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»