Аз нишастҳои матбуотӣ

Вазорати молия дар таҳияи 75 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ саҳм дорад

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_1203++Аз гузориши вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ (дуюми август) маълум гардид, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ, бо дарназардошти маблағи барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағи махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, дар нимсолаи аввал ба 10,9 млрд. сомонӣ баробар ва иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳои мазкур 100,4 фоиз таъмин гардидааст. Зимни тавзеҳи ин масъала вазир аз он ёдовар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 48,8 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 555,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи зикршуда аз ҷониби ин ниҳоди давлатӣ 75 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки 27 адади он аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шудааст. 48 санади дигар дар марҳилаи баррасӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад, ки рӯзҳои наздик ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ирсол мешаванд.

Дар посухи саволи журналистон оид ба қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар шаш моҳи соли равон зикр шуд, ки ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 631,7 млн. сомонӣ, маориф — 1981,7, тандурустӣ — 768,3, ҳифзи иҷтимоӣ — 1551,2, фарҳангу варзиш — 439,1, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 565,1, комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 2277,6, кишоварзӣ — 305,1, саноату сохтмон — 74,5,  нақлиёт ва коммуникатсия 433,9 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла, барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, 2,6 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст.

Масъалаи дигаре, ки журналистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар буд. Вобаста ба он зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 94,2 млн. доллари амрикоӣ — 58,1 млн. доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 36,1 млн. доллар фоизи қарз сарф шуд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»