Аз нишастҳои матбуотӣ

ВКД: Дар шаш моҳ 13878 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шуд

№102 (4364) 10.08.2021

DSC_7298Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни нишасти матбуотӣ, ки 4 августи соли 2021 доир гардид, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 13878 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1585 ҷиноят ё ин ки 12,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора мақомоти корҳои дохилӣ 9253 ҷиноятро ошкор намуданд.

Дар давраи зикршуда одамкушӣ ва суиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ, қаллобӣ, дуздӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва тамаъҷӯӣ зиёд ба қайд гирифта шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ 1301 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта дастгир шуданд. Илова бар ин, сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 143 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро дастгир карданд.

Аз тарафи ҷавонон ё бо иштироки онҳо 2818 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, бар асари 472 садамаи нақлиётӣ 159 шаҳрванд ба ҳалокат расида, 537 нафар ҷароҳат бардошт.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

 «Садои мардум»