Нишастҳои матбуотӣ

Вориди 131,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурӣ

№94 (3731) 08.08.2017

IMG_0257+Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Файзиддин Қаҳҳорзода 31 июли соли равон дар нишас­ти матбуотӣ гуфт, ки сатҳи иҷрои нақшаи молиявӣ беҳтар шуд ва азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар 6 моҳи соли равон 150,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3% зиёд мебошад. Бо мақсади амалисозии лоиҳа ва барномаи афзалиятноки кишвар бо шарикони рушд 11 созишномаи нав ба маблағи умумии 404,3 миллион доллар ба имзо расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 271,3 миллион доллар зиёд аст.

Назар ба қавли Файзиддин Қаҳҳорзода дар моҳҳои январ-марти соли равон ба кишвар 131,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 76,6 миллион доллар (58,2 %) ба Хитой, 20,6 миллион доллар (15,7%) ба Федератсияи Россия, 10 миллион доллар (7,6%) ба Нидерландия ва 6,9 миллион доллар (5,2%) ба Арабистони Саудӣ рост меояд. Сармояи мустақими хориҷии воридшуда асосан ба соҳаҳои саноати истихроҷи маъдан (42,6 миллион доллар), нақлиёт ва алоқа (20,7 миллион доллар), маориф (3,5 миллион доллар), кишоварзӣ (2,2 миллион доллар) ва ғайра равона гардидаанд.

- То якуми июли соли ҷорӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 12 миллиону 859 ҳазору 152 сомонӣ ба буҷети давлат ворид шуд, ки 101,6 дарсади иҷрои нақшаи нимсолаи соли ҷориро ташкил медиҳад, — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, мавқеи Тоҷикистон 4 зина боло гардид, яъне аз ҷойи 132 (соли 2016) ба 128 (соли 2017) баромад.

- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва муаррифии иқтидорҳову имкониятҳои ҷумҳурӣ бо иштироки соҳибкорон 12 форуму ҳамоиши сармоягузорӣ бо соҳибкорони Чехия, Туркия, Австрия, Ӯзбекистон ва ғайра баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳои номбурда зиёда аз 40 созишнома (шартнома, ёддошти тафоҳум, меморандум) оид ба ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ба имзо расонида шуд, — афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»