Нишастҳои матбуотӣ

Воридоти орду гандум кам, вале шакару равған зиёд гашт

№92 (3729) 02.08.2017

Зидиинхисори (2)- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 446,8 ҳазор тонна гандум ва 26,6 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 19,2 ҳазор тонна (4,3%) ва 23,3 ҳазор тонна (46,7%) кам мебошад. Истеҳсоли орд дар ин муддат дар корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ 313,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,9 ҳазор тонна (26,3%) зиёд аст. Бо дарназардошти хароҷоти нақлиётӣ, боркунӣ, борфарорӣ ва даромади субъекти хоҷагидор, дар анборҳои фурӯши яклухти шаҳри Душанбе нархи як халта орди 50 — килограммаи навъи якум ба ҳисоби миёна 150-155 сомониро ташкил медиҳад, — гуфт сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 27 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ.

Аксар хабарнигорон ба мавҷудияти монополия дар воридсозии маҳсулоти нефтӣ таваҷҷуҳ намуданд. Саъдӣ Қодирзода дар посух гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 209 369,4 тонна маҳсулоти нефтӣ ворид гардидааст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 91,53 дарсад ба корхонаҳои коркарди нефти Федератсияи Россия, 4,89 дарсад ба Ҷумҳурии Туркманистон, 0,75 дарсад ба Қазоқистон ва 2,83 дарсади боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.

- Дар ин давра ба Феҳристи субъекти хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, аз рӯи воридоти бензин ва сӯзишвории дизелӣ се субъекти хоҷагидор — ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Сеганҷ» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд. Фаъолияти субъектҳои мазкур таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор дорад, — афзуд Саъдӣ Қодирзода.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»