Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридоти орду гандуму шакар зиёд шуд

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_9002++Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 547,1 ҳазор тонна гандум ворид шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Воридоти орд бошад, 24,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 8,0 ҳазор тонна зиёд аст. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромиддин Вализода дар нишасти матбуотие, ки 17 июли соли равон баргузор гардид, дар ин хусус ба хабарнигорон маълумот дод. Зикр шуд, ки воридоти шакар низ дар 6 моҳи соли равон нисбат ба соли 2018 — ум 14,6 ҳазор тонна зиёд шуда, 84,3 ҳазор тоннаро ташкил дод. Лозим ба ёдоварист, ки қариб 58 фоизи воридоти шакар ба кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва 35 фоиз ба Украина рост меояд.

Муовини якуми сардори Хадамот Назар Одиназода ба саволи хабарнигорон вобаста ба қиматшавии нархи истифодаи неруи барқ посух дод, ки арзиши аслии он нисбат ба нархи он зиёд аст, аз ин хотир, бо мақсади пӯшонидани хароҷоти ШСХК «Барқи Тоҷик» нарх боло бурда мешавад.

Дар бозори сӯзишвории мамлакат воридоти маҳсулоти нефтӣ асосан ба Федератсияи Россия, Қирғизистон ва Қазоқис­тон рост меояд. Тайи шаш моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 238,4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ворид шудааст, ки аз он 83,1 ҳазор тоннаашро бензин ташкил медиҳад. Дар ин давра ба мамлакат 207,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.

Соли ҷорӣ дар 18 субъекти хоҷагидори кишвар 715,4 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 110,7 ҳазор тонна зиёд аст. Истеҳсоли семент низ 158,4 тонна афзуда, ба 1 миллиону 933,8 ҳазор тонна расид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»